Семинари омӯзишии ҷилавгирии хушунат дар оила
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо мақсади шиносоӣ бо Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷилавгирии хушунат дар оила» имрӯз, 28 май, дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Мақоми созмонҳои ҷамъиятӣ ва гуруҳҳои тиббию иҷтимоӣ дар ҷилавгирии хушунат дар оила» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори созмонҳои ҷамъиятии «Парастор», «Ақди никоҳ ва оила» ва «Ҷамъияти занони дорои маълумоти донишгоҳӣ» дар ҳошияи лоиҳаи фароҳам овардани шароити дастгирии заноне, ки дучори хушунат мешаванд, роҳандозӣ шудааст.Дар ҷараёни семинар муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷилавгирии хушунат дар оила» сурат гирифта, перомуни мақомоту созмонҳое маълумот дода шуд, ки хушунат дар оиларо ҷилавгирӣ мекунанд.Ҳамзамон зикр гардид, ки 19 марти соли 2013 Ҳукумати ҶТ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷилавгирии хушунат дар оила» — ро тасдиқ намуд, ки мақсад аз он танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нисбат ба ҷилавгирии зӯроварӣ дар оила мебошад.Қонуни мазкур расмияти маълумоти марбут ба хушунат дар оила ва масъулият барои риояи талаботи онро пешбинӣ мекунад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






