Шашмақомсароёни озарӣ ба Душанбе меоянд
Душанбе, 29 май (АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф).-Пагоҳ, 30-юми майи соли равон дар толори консертии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 90 солагии пешвои халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев маҳфили фарҳангӣ доир мегардад. Гуфта мешавад, ки дар он устодону ҳунармандони маъруфи Ҷумҳурии Озарбойҷон ширкат меварзанд Ҳамчунин дар назар дошта шудааст, ки Айтан Муҳаррамова, ғолиби Фестивали байналмилалии шашмақом дар соли 2011, Парвиз Фарҳодов, ғолиби 7-умин Фестивали байналмилалии “Садои АвруОсиё” дар соли 2012 ва дигар ғолибони озмунҳои ҷаҳонӣ дар ин маҳфил иштирок ва шашмақомхонӣ намоянд. Бояд гуфт , ки маҳфил дар доираи ҳамкориҳои Вазорати фарҳанги ду кишвар баргузор мегардад. Дар ин бора Тағоймурод Назаров, ноиби ректор оид ба корҳои эҷодию тарбиявии донишкада ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






