Таҳкими ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дар доираи ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ намояндагони факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тула ба номи Л.Н.Толстой Е.П.Красилникова, дотсенти кафедраи ҳуҷҷатнигорӣ ва услубшиносӣ ва И.Р.Еклакова, муаллими калони кафедраи забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқот анҷом доданд.Мавриди зикр аст, ки тибқи нақша омӯзгорони Донишгоҳи омӯзгории Тула дар давоми моҳҳои май-июни соли равон ба донишҷӯён дарсҳои назариявию амалӣ доир менамоянд ва ҳамкориҳои факултаи забон ва адабиёти рус бо факултаи филологияи руси Донишгоҳи омӯзгории Тула аз соли 2011 инҷониб вусъат ёфтааст. Дар ин давра се маротиба омӯзгорони факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Тула ба донишҷӯён машғулиятҳои назариявию амалӣ ва семинарҳои омӯзишӣ доир намуданд. Ҳамчунин, мақолаҳои илмии омӯзгорони факулта дар маҷмӯаи маводи конфронсии Донишгоҳи омӯзгории Тула ба нашр расиданд. Соли сипаригардида омӯзгорони факулта дар конфронси байналмилалие, ки бо ибтикори Донишгоҳи омӯзгории Тула доир гардид, ширкат намуданд. Дар ин бора котиби матбуотии донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






