Таҷлил аз 80- солагии Хушқадам Қамариддинов
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бо ибтикори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери унвони «Ҳаёти шахсони наҷиб», ки бахшида ба 80- солагии доктори илми тиб, профессор, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушқадам Қамариддинов дирӯз маҳфили илмию амалӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини ректор оид ба корҳои таълим профессор Саид Қурбонов ифтитоҳ намуда, мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ, профессор Эркин Раҳмонов, сарвари бахши маълумотдиҳӣ-бибилиогрфии китобхонаи Донишгоҳи тиббӣ М. Каримова, дӯстон ва шогирдон аз ҳаёт ва фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятии профессор Қамариддинов сухан гуфтанд. Ҳамчунин дар толор слайдҳо аз фаъолияти профессор намоиш дода шуд ва китобҳои нав оид ба бемориҳои сироятӣ муаррифӣ шуданд. Маҳфили илмию амалии «Ҳаёти шахсони наҷиб» ҷолибу хотирмон гузашт.Хушқадам Қамариддинов профессори кафедраи бемориҳои сироятии ДДТТ мебошад. Муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаи илмӣ оид ба паразитология, ҳамчунин паҳншавӣ, ҷараён ва роҳҳои муолиҷаи бемориҳои сироятӣ мебошад. Дар бартараф сохтани хавфи эпидемияи вабо дар ноҳияҳои Фархор ва Ҳисор, инчунин дар омӯзиш ва баррасии бемории фастсиоллёз саҳми калон дорад. Саҳми арзандаи профессор Қамариддинов бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Дорандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик Е.Н. Павлоский мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






