Тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнатӣ

Май 15, 2013 15:24

Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Рўзҳои 17-18 майи соли 2013 дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Тайёр кардани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнатӣ дар шароити ҳамгироии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо доираи васеи устодон, профессорон, олимони дохил ва хориҷи кишвар доир мегардад. Мавриди тазаккур аст, ки мавзӯи мазкур аз ҷониби Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ матраҳ гардид, ки он яке аз масъалаҳои муҳими Паём ба ҳисоб мерафт.Дар кори конфронс олимону муҳаққиқон аз муассисаҳо шарикони ҳамкори шаҳрҳои Иваново, Ярославл, Кастрома, Варонеж ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Русия ширкат хоҳанд варзид. Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар доираи ҳамкориҳои судманди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва муассисаҳои Федератсияи Россия аз ҳисоби бурсияҳои шарикон зиёда аз садҳо нафар ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Май 15, 2013 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш