Таъсиси марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишвар

Май 16, 2013 16:49

Душанбе,16 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)-Имрӯз, сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар маросими ифтитоҳи расмии ду маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа ширкат варзиданд.  Марказҳои мазкур бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) баҳри густариши фаъолияти барномаи Сафорати ИМА «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа», ки дар сатҳи ҷумхуриявӣ амалӣ мегарданд, таъсис ёфтаанд. Ҳадафи аслии барномаи мазкур такомул бахшидани имконоти хизматрасонии ВКД ба шаҳрвандон бо таъмини риояи ҳуқуқи инсон ва баланд бардоштани сатҳи боварии шаҳрвандон ба милитсия мебошад. Ёдрас мешавем, ки бо дастгирии Ҳукумати ИМА дар маҷмуъ 19 маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар нуҳ ноҳияи Тоҷикистон таъсис гардидааст. Ҳамчунин дар назар аст, ки моҳҳои наздик марказҳои иловагӣ таъсис хоҳанд ёфт. Марказҳои мазкур барои милитсия ва ҷомеа фазои амни воқеӣ ва рӯҳӣ фароҳам меоваранд, ки дар он ҷонибҳо ҳамкории хешро беҳтар намуда, роҳҳои ҳалли мушкилотро вобаста ба пешгирии ҷиноят, бенизомии ҷамъиятӣ, бехатарӣ ва сифати ҳаёт баррасӣ мекунанд. Ҳукумати ИМА дастгирии хешро дар самти такомул бахшидани имконоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад дод. Аз соли 1992 инҷониб Ҳукумати ИМА тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният, рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Чумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз як миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.

Май 16, 2013 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст