Вохӯрӣ дар доираи Ҳафтаи кӯдакон ва наврасон
Душанбе, 29 май.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Дирӯз дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе вохӯрии сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ, аз ҷумла маориф , тандурустӣ , ҷавонон ,варзиш ва сайёҳӣ, меъморӣ ,нақлиёт, корҳои дохилӣ, прокуратура ва бахши ҳуқуқи кӯдак таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе С.Раҳимова бо кӯдакону наврасон, аз ҷумла кӯдакони имконияташон маҳдуд баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ пеш аз ҳама масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва дигар масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи насли наврас мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Иштирокчиёни вохӯрӣ кӯдакону наврасон бо истифода аз ширкати масъулини сохторҳои шаҳрдорӣ ба саволҳои сершумори худ ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.Ёдовар мешавем , ки «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасон» дар асоси Қарори раиси шаҳри Душанбе аз 27 май то 1-уми июни соли 2013 эълон гардида, масъулони баргузории чорабиниҳои он Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, бахши ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ва Созмони талабагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ мебошанд.«Хафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» то 1- уми июн идома ёфта, дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъбаст мегардад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






