Вохӯрии Н. Зоҳидов бо ҳайати Норвегия

Май 2, 2013 10:34

Душанбе, 2 май (АМИТ «Ховар»).-30 апрели соли 2013 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо ҳайати Шоҳигарии Норвегия бо роҳбарии сафири ҳамин кишвар ҷаноби Оле Йохан Бёрной барпо гардид. Ҳамчунин сафирро дар вохӯрӣ кормандони Вазорати корҳои хориҷии Норвегия ҳамроҳӣ карданд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо таваҷҷуҳи худро ба масъалаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи гидроэнергетика бо назардошти иқтидори обии Тоҷикистон ва таҷрибаи Норвегия равона намуданд. Зикр шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ (сохтмони НОБ-ҳои хурд) дар Тоҷикистон ва таъмини Ҷумҳурии Афғонистон бо қувваи барқ яке аз масъалаҳои муҳими рӯз мебошад. Дар хатми вохӯрӣ масъалаи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар низ баррасӣ гардид ва тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки пояи қарордодиву ҳуқуқии ду кишвар бояд ташаккул ёбад. Инчунин мавзӯи амнияти минтақавӣ ва баровардани қувваҳои Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифт.

Май 2, 2013 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст