Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо раиси Хазинаи арабӣ
Душанбе, 3 май (АМИТ «Ховар»).- 1 майи соли 2013 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдов бо раиси Хазинаи арабӣ шайх Латиф Абдул Ҳамид баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ раиси Хазинаи арабӣ дар бобати фаъолияти хазина, ҳамкории он бо кишварҳои араб ва ниҳодҳои дигар, аз ҷумла, Хазинаи Кувайт иттилоъ дод. Латиф Абдул Ҳамид ҳавасмандии Хазинаи мазкурро ҷиҳати ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳор кард. Ҷонибҳо инчунин масоили иштироки ҳайати хазинаи мазкурро дар ҷаласаи Шӯрои мудирони Бонки исломӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барпо хоҳад гашт, муҳокима намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






