Вохӯрии Зоҳир Саидов бо Айдин Мирзозода

Май 17, 2013 14:13

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар»).- 15 майи соли 2013 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Зоҳир Саидов бо раиси гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон, вакили Миллӣ Маҷлиси (парламенти) Ҷумҳурии Озарбойҷон Айдин Мирзозода баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба муносибатҳои густурдаи Тоҷикистону Озарбойҷон ибрози назар намуда, рушди муназзами ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, байни парлумонҳои ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо аз дастгирии иқдоми якдигар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, идомаи бархурдориҳо аз чунин таҷрибаро зарур ва шоистаи истиқбол донистанд.Сафир роҷеъ ба баргузории «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ки ташаббускори он Тоҷикистон мебошад ва он аз ҷониби СММ эълон гардидааст, ахбори муфассал пешниҳод намуда, дар робита ба ин ҷиҳати иштироки фаъолонаи ҳайати баландмақоми Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки августи соли равон дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад, даъват ба амал овард. Зимни суҳбат ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки аз имкониятҳои фароҳамомада, махсусан дар соҳаи ҷалби сармоя ва амалӣ намудани барномаҳои иқтисодӣ, истеҳсоли нафту газ бояд хуб ва бамаврид истифода намуд.

Май 17, 2013 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш