Зайд Саидов дастгир шуд
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар»). – Дар Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо ришвагирии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ бо гумонбари собиқ вазири саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайд Саидов барои содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла дар ҳаҷми калон гирифтани пора (қисми 4 моддаи 319), қаллобӣ бо истифода аз мансаб дар ҳаҷми хусусан калон (қисми 4 моддаи 247), суъистемол аз мансаб (моддаи 314) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиш карда мешавад. Назар ба хабари маркази матбуоти агентии мазкур, ин далелҳо дар ҷараёни тафтиши пешакии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ намояндаи маҷлиси вакилони халқии вилояти Суғд, директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Химзавод» — и шаҳри Исфараи зертобеъи Вазорати саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраев ошкор гардиданд.Алҳол бо назардошти сирри тафтишот аз шарҳи васеи он худдорӣ намуда ва фақат зикр карда мешавад, ки тафтишот дар доираи қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Азбаски аксарияти шоҳидони воқеаҳо аз маҳалли истиқоматашон берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ аз тафтишот пинҳон гардиданд, бо мақсади гузаронидани тафтишоти холисона ва пурраю беғаразона лозим дониста шуд, ки Зайд Саидов аз фурудгоҳ ба мақомоти Агентӣ даъват карда шавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






