Ғолибияти нозирони навраси тоҷик дар Русия
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дирӯз дастаи «Нозирони навраси ҳаракати роҳ» аз литсейи №2-и хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз озмуни байналмилалӣ, ки дар Федератсияи Русия доир шуд, бо ғолибият ба Ватан баргашт. Аз ВКД ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бахшида ба 40-солагии таъсисёбии дастаҳои «Нозирони навраси ҳаракати роҳ» миёни дастаҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озмун ҷараён гирифт. Дастаи «Нозирони навраси ҳаракати роҳ» аз литсейи №2-и хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар ҳайати 6 нафар бо дастаҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, давлатҳои Украинаву Белоруссия ва 89 субъекти Федератсия Русия аз рӯйи 10 намуди шартҳои озмун бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.Тавре сардори «Нозирони навраси ҳаракати роҳ» аз литсейи №2-и хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Шукрона Сироҷиддинова иброз дошт, дар озмун 10-намуд шарте, ки иштирокчиён бояд иҷро менамуданд, ба монанди донандагони қоидаи ҳаракати роҳ; расонидани ёрии аввалин; озмуни чархи амонӣ дар ду давр, озмуни эҷодӣ ва дигар намуд шартҳои озмунро мо аъзоёни даста дар сатҳи баланд иҷро намудем. Ёдовар мешавем, ки чунин озмун тайи шаш сол аст, ки гузаронида шуда, соли 2012 дастаи «Нозирони навраси ҳаракати роҳ» аз литсейи мазкур ҷойи дуюмро дар шаҳри Влодивостоки Федератсияи Русия ва имсол бошад, ҷойи аввалро сазовор гардид.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






