Ҳалокати 149 нафар ба асари садамаҳои нақлиётӣ

Июнь 10, 2013 14:22

Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам). — Аз 3 то 9 июни соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 28 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 6 нафар ба ҳалокат расида, 41 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.   Аз ҷумла, 6 июни соли равон соати 18:20 автомошинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи ронанда Абдулло Нахутов ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи автомошина набаромада, ба автомошинаи тамғаи «Зил-431412», ронандааш Тоир Маҳмадқулов бар мехурад, ки дар натиҷа ронандаи автомошинаи тамғаи «Опел-Астра» ва ду нафар мусофиронаш-Рустам Алиев, Иброҳим Абдусаторов (ноболиғ) ба ҳалокат расида, мусофмрони дигари ҳамин автомошина — Лола Соҳибназарова, Ойгул Каримоваи ноболиғ, Азиз ва Маҳмад Дусматовҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд. Аз шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз аввли соли ҷорӣ то ба имрўз дар роҳҳои мошингарди ҷумҳўри 495 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 149 нафар ба ҳалокат расида, 543 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Июнь 10, 2013 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш