Ҷаласа аз рӯи масоили амният
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш дар шаҳри Брюссел ҷаласаи якуми Муколамаи ҳайатҳои олимақоми Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз рӯи масоили амният баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо ширкат доштанд. Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ба ӯҳда дошт. Дар ҷаласа ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо роҳбарии муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмитд иштирок намуд. Иштирокдорони муколама аз рӯи чунин масоили асосӣ, аз қабили мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризм, ифротталабӣ, ҷилавгирии хавфи маводи кимиёвӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ҳастаӣ дар минтақа, ҳамчунин масъалаҳои вазъи ҳозираи Афғонистон, Эрон ва Сурияро мавриди муҳокима қарор доданд. Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханрониаш зикр намуд, ки солҳои охир раванди устувори гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар пайваста бо шаклҳои мухталифи ҷинояткории трансмиллӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ, қочоқи аслиҳа, одамрабоӣ ва ғайра, мушоҳида мешавад. Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ба ташкилкунандагони Муколама изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соли 2014 дар шаҳри Душанбе доир намудани ҷаласаи навбатии Муколама омода аст. Ин пешниҳодро ҳамаи иштирокдорони ҷаласа пазируфтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






