$30 ҳазор барои дарёфти қотилони Бобоевҳо
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Соҳибкорони вилояти Суғд барои нафароне, ки қотилони хонаводаи Бобоевҳоро ошкор менамоянд ва ё барои кушодани он мусоидат мекунанд, мукофотпулӣ ба маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ муайян кардаанд. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, ки соҳибкорони хуҷандӣ ҷиҳати пайгирии ин ҳодисаи нохуш ва минбаъд рух надодани чунин ҷиноят ба сари дигар соҳибкорон изҳори нигаронӣ карда, ба ин иқдом даст задаанд.Ёдрас мешавем, ки шаби 1-ум ба 2-юми июни соли равон шахсони номаълуми мусаллаҳ бо мақсади роҳзанӣ ба воситаи девор ба ҳавлии истиқоматии дар суроғаи шаҳраки Ғафуров, кӯчаи Султон Ахмедов, хонаи 9 воқеъ будаи шаҳрванд Аҳмадхӯҷа Бобоеви 40-сола ворид шуда, бо истифодаи яроқи оташфишони АКМ 5,45 мм, худаш ва ҳамсараш Бобоева Ҳаётхон Шукуровна, соли таваллудаш 1974, духтараш Бобоева Рухшона, соли таваллудаш 1997, писараш Бобоев Суҳроб, соли таваллудаш 1998-ро ба қатл расонида, писари дигараш Бобоев Санҷарбек, соли таваллудаш 2007-ро ба ҳаммомхонаи ҳавлии истиқоматиаш маҳкам карда, бо истифодаи монтеровкаи бо ҳамроҳии худ оварда, дари сандуқи оҳанини дар хонаи истиқоматӣ ҷойгиршударо шикаста, тахминан ба маблағи 30 ҳазор доллари ИМА ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф намудаанд.Бо мақсади рӯйпуш намудани амали ҷинояткоронаи худ бо истифодаи сӯзишвории бензин хонаи истиқоматии шаҳрванд Аҳмадхӯрҷаро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ноболиғ Бобоев Санҷарбек бошад, аз дуди оташ заҳролуд гашта, дар ҳаммомхона ба ҳалокат расидааст.Айни замон барои ошкор намудани ин ҷинояти мудҳиш аз ҷониби гуруҳи тафтишотӣ-оперативӣ чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, тафтиши ҳодисаи мазкур зери назорати қатъии вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






