445 ҳазор доллари ИМА барои беҳдошти аҳолии Ваҳдат
Душанбе, 11 июн.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Дар зарфи чор моҳи соли равон новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ қисми даромади буҷети давлатии шаҳри Ваҳдат 116 % иҷро гардидааст. Ин матлаб имрӯз зимни баргузории муҳокимаи ошкорои парлумонӣ, ки дар Маҷлиси намояндагон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва вакилони Парлумон доир гардид, зикр шуд. Дар муҳокимаи ошкорои парлумонӣ раванди иҷрои буҷети маҳаллии шаҳри Ваҳдат дар зарфи чор моҳи соли равон матраҳ гашт. Қайд гардид, ки алҳол дар шаҳри Ваҳдат 190 муассиса ва ташкилоти буҷетӣ, 42 корхонаи саноатӣ, 229 ҷамъияти саҳомӣ ва дорои масъулияташон гуногун, 6 ташкилоти бонкӣ, 3973 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва 39 хоҷагии деҳқонии коллективӣ фаъолият мекунанд. Дар шаҳр 8 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба мабалғи 12,5 миллион доллари ИМА дар соҳаҳои гуногун татбиқ мегардад, ки он ба рушди бахши иқтисод ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамоянд. Дар гузориши Анвари Вайсиддин –раиси шаҳри Ваҳдат зикр шуд, ки алҳол барои рушди иқтисодиёт ва беҳдошти сатҳи аҳолии шаҳру деҳоти Ваҳдат аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла барои беҳдошти таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди байни деҳот, сохтмони нерӯгоҳи хурди барқӣ, ки дар маҷмӯъ 445 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд, татбиқ карда мешаванд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






