Бақияи амонатҳо 14,7 фоиз афзуд

Июнь 25, 2013 14:09

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раванди устувор ва муътадили зиёд шудани пасандозҳои мардум дар бонкҳои ҷумҳурӣ давом дорад ва бақияи амонатҳо дар охири моҳи майи соли равон назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 14,7 фоиз афзуд.  Мушоҳида ва омӯзиши таркиби нишондиҳандаи номбурда нишон доданд, ки 35,7 фоиз (1’807,4 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,3 фоиз ё 3 МЛРД. 260,4 млн. сомонӣ амонатҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд. Аз рӯи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар панҷ моҳи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ ба 15,38 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 10,61 фоизи солона баробар шуданд.

Июнь 25, 2013 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш