Баргузории рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар». Зарангез Латифова).-Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии байни кишвари Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 то 27 июни соли 2013 Рўзҳои фарҳанги Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Чорабинии фарҳангиро муовини вазири фарҳанги Украина Балюрко Виктор Степанович сарварӣ намуда, ба ин ҳайат намояндагони аҳли фарҳангу ҳунари Украина — оркестри миллии академии созҳои халқии Украина, ансамбли «Древляне» ва ҳунарпеша Елена Проскуряко ва дигарон шомил мебошанд. Рўзҳои фарҳангӣ 24 июни соли равон аз маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Исмоли Сомонӣ, мулоқоти расмӣ бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Асрорӣ ва нишасти матбуотӣ бо иштироки тарафҳои Тоҷикистону Украина оғоз мегарданд. Ёдовар мешавем , ки расми ботантанаи ифтитоҳи Рўзҳои фарҳанги Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми он рўз, соати 17-00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор мегардад. 25 июн меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, тибқи барнома дар ин рўз сафар ба шаҳри Норак, тамошои НОБ, «Баҳри тоҷик», Китобхонаи «Дўстии халқҳо» ва консерти ҳунармандони Украина дар назар аст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Раҳматуллоев иттилоъ дод.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






