Беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шимолу ҷануби кишвар
Душанбе, 26 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Созишномаҳои қарзӣ (кредитӣ) байни Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон (марҳиллаи дуюм)-ро имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расониданд. Алимурод Тағоймуродов- директори КВД «Хоҷагию манзилию коммуналӣ» зимни тавзеҳи масъалаи мазкур дар назди вакилони Парлумон гуфт, ки асосноккунии лоиҳа дар соли 2012 аз ҷониби мушовирони хориҷии лоиҳа ба анҷом расонида шуда буд. Санаи 14 декабри соли 2012 дар Душанбе байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, БАТР, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои шимолу ҷануби Тоҷикистон созишномаҳо оид ба қарз, кафолат ва дастгирии лоиҳа ба имзо расонида шуд. Созишнома оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон (марҳилаи дуюм) шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Шаҳристон ва Зафарободи вилояти Суғдро дар бар гирифта, барои гирифтани маблағи қарзӣ дар ҳаҷми 7 миллион $ амрикоӣ ба имзо расонида шудааст. Дар натиҷа маблағи умумии лоиҳа бо назардошти маблағҳои грантӣ 15, 5 миллион $ -ро ташкил менамояд. Аз ин 7 миллион $ миллион қарзи КВД «Хоҷагиии манзилию коммуналӣ» 8,5 миллион $ гранти БАТР аст. Маблағи барои лоиҳаи барқароркунии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои ҷануби Тоҷикистон дар марҳиллаи дуюм пешбинишуда ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолидини Румиро дар бар гирифта, маблағи умумии ин лоиҳа 12 миллион $-и амрикоиро ташкил мекунад, аз ин маблағ ба ноҳияи Ёвон 5миллиону 800 ҳазор $ ба ноҳияи Ҷалолидини Румӣ 6 миллион $ аст. Татбиқи лоиҳаи барқароркунии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон (марҳилаи дуюм) соли 2013 оғоз гардида, соли 2016 ба анҷом мерасад. Созишномаҳои мазкур бо мақсади расонидани кӯмаки молиявӣ ва таъмин намудани хизматрасониҳои обтаъминкунӣ аст. Пардохти аввали кредит 15 майи соли 2015 ва пардохти охирин он 15 ноябри соли 2028 аст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






