«Белимити ҳақиқӣ» аз «МегаФон»

Июнь 25, 2013 15:17

Душанбе, 25 июн.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).-Ширкати «МегаФон» нархномаи наверо ҷорӣ намуд, ки он имкони анҷоми зангҳоро дар дохили шабака ба тариқи комилан ройгон фароҳам меорад. Бо нархномаи «Белимити ҳақиқӣ» зангҳои нисбати муштариёни «МегаФон» анҷомёбанда ҳисоб нашуда, зангҳои содиротӣ ба телефонҳои доимӣ ва рақамҳои операторони дигар ҳамагӣ 10 дирамро барои як дақиқаи суҳбат ташкил медиҳанд. Пардохти абонентии нархнома ба 55 дирам дар як рӯз баробар аст. «Нархномаи нав дар ҳудуди тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Бинобар ин, муштариёни мо дар ҳудуди тамоми кишвар имкон доранд, ки ба ҳамдигар занг зада, дар баробари ин ягон дирамро сарф нанамоянд», — мегӯяд директори тиҷоратии ширкати «МегаФон- Тоҷикистон» Семёнов Д.Ю.

Июнь 25, 2013 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш