Бунёди иншоот ва ободсозӣ дар Фархор

Июнь 14, 2013 13:07

Кӯлоб, 14 июн. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Фархор тӯли 5 моҳи соли ҷорӣ 12 иншооти хурду калон, аз ҷумла сохтмони синфхонаҳои иловагӣ барои 350 хонанда, маркази саломатӣ барои қабули 25 бемор дар як баст, корхонаи хурди шағалбарорӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони дигар иншооти хизматрасонӣ идома дорад. Бино ба иттилои мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур Саидобид Ҳафизов дар ин давра сохтмони нотамоми мактаби таҳсилоти умумии деҳаи Арча барои 1176 хонанда дар ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ аз ҷониби Бонки рушди Олмон ба маблағи 3 миллиону 358 ҳазор сомонӣ, сохтмони 6 синфхона бо маблағгузории Бонки саудии рушд, инчунин бо маблағгузории Вазорати маорифи ҶТ сохтмони бинои дуошёна иборат аз 8 синф дар деҳаи Чоргули ҷамоати деҳоти «Зафар» дар арафаи анҷомёбӣ аст.

Июнь 14, 2013 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш