Дарёфти зиёда аз 123 кг ҳашиш аз Камаз
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар» Руқияи Боймамад).- Абдураҳими Умариён, сардори шуъбаи иттилооти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ки кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 31-уми майи соли равон тавонистанд дар пайи як амалиёти бобарор ба миқдори махсусан калон, яъне 123 кг 439 грамм маводи мухаддирро аз нашъаҷаллобон боздошт намоянд. Дар натиҷаи ташхиси лабораторӣ маълум гардид, ки аз ин миқдор маводи мухаддир 101 кг 594 граммашро ҳашиши тар, 18 кг 878 г.-ро ҳашиши қоқ ва 2 кг 967 гр.-ро героин ташкил медиҳад. Ин миқдор маводи мухаддир, ки ба шаҳрванд А.Холов тааллуқ дошт, тавассути нақлиёти Камаз аз ВМКБ ба пойтахти кишвар интиқол дода шуд. А. Холов ният дошт, ки ин миқдор маводи мухаддирро то ба шаҳри Душанбе расонида, аз ин ҷо ба вилояти Суғд ва ҳамин тавр, ба хориҷ аз кишвар интиқол диҳад, аммо дар пайи воқеан фаврӣ ва моҳирона ташкил намудани амалиёти махсус аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии мақомоти гумрук ин миқдор нашъадор боздошт гардид. Дар ҷараёни идомаи корҳои тафтишотӣ, дар робита ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ якҷоя бо кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе боз 41кг-и дигар маводи нашъадори ҳашиш дарёфт шуд.Хотиррасон мекунем, ки аз ибтидои соли равон то ин дам аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук 14 ҳолати қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардида, дар ҳаҷми 168 кг 584 грамм моддаҳои нашъадор боздошт ва мусодира гардидаанд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






