«Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ»
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби «Эмомалӣ Раҳмон: китобномаи шарҳиҳолӣ» рӯнамоӣ гардид. Китобномаи мазкур бо ҳадафи танзиму феҳристбандӣ ва мавриди омӯзишу тарғиб қарор додани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст. Китобнома аз мақолаи муқаддимавӣ, 3 қисм ва 13 зерқисм иборат аст. Мақолаи муқаддимавӣ роҷеъ ба зиндагинома ва паҳлуҳои мухталифи фаъолияти сиёсӣ ва роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон маълумоти мушаххас медиҳад. Китобномаи мазкур маводи чопию электронии солҳои 1981-2012 нашршударо фаро гирифта, дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, веб-сайтҳои интернет ва китобномаҳои қаблан интишорёфта тартиб дода шудааст. Дар ҷамъомад директори Китобхонаи миллӣ Носирҷон Салимов, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов, ноиби президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Кароматулло Олимов, директори Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар Қурбон Авғонов, раиси Суди констутсионӣ Маҳкам Маҳмудов, вазири маориф Нуриддин Саидов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангию фароғатии Вазорати фарҳанг Сафар Шосаидов, раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ ва дигарон сухан гуфта, нисбат ба китоби мазкур фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худро ироа намуданд. Дар ҷамъомад зикр шуд, ки китобномаи мазкур метавонад китоби рӯимизии ҳамагон бошад.Китоби «Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ» дар нашрияи «Эр-граф» бо теъдоди 500 нусха ба чоп расидааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






