Густариши муносиботи Тоҷикистону Афғонистон дар самти маъюбият
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Масъалаҳои тавонбахшии равони шахсони маъюб ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниидоравӣ дар мавзўи маъюбият дар мулоқоти муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Шарипова бо ҳайати коршиносони соҳаи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ ва руҳии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳокима гардид. Аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба тавонбахшии рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниидоравӣ дар мавзўи маъюбият ва бозтавонии ҷисмонӣ табодули назар намуданд. Дар назар аст, ки ҳайати коршиносони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар давоми сафари хизматиашон дар Тоҷикистон аз фаъолияти баъзе сохторҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла МД «Пажуҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳ», МД «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо», МД «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кўдакон ва наврасони «Чорбоғ»» ва КВД «Заводҳои протезӣ- ортопедии шаҳри Душанбе» дидан кунанд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






