Имзои созишнома миёни Тоҷикистон ва 3 ширкати бонуфуз дар соҳаи нафт

Июнь 18, 2013 16:29

Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Нимаи дуюми имрӯз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов Созишномаи чаҳорҷонибаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи нафту гази Ҷумҳурии Мардумии Чин, ширкати Тетис Петролиюм ва ширкати Тотал ба имзо расид. Созишномаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, аз ҷониби Корпоратсияи нафту гази Ҷумҳурии Мардумии Чин президенти он Бо Чилян, аз ҷониби ширкати Тетис Петролиюм раиси иҷроияи ва президенти он Дэвид Робсон ва аз ҷониби ширкати Тотал ноиби аввали президенти он оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Майкл Борел имзо намуданд. Минбаъд, тибқи созишномаи мазкур Тоҷикистон бо ширкатҳои зикргардида ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои энергетика, коркарди нафт ва амсоли он ба роҳ хоҳад монд.

Июнь 18, 2013 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш