Имзои як қатор қонунҳо аз ҷониби Сарвари давлат
Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳоро «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.Қонунҳои баимзорасида пеш аз ҳама барои таҳкими муқовимат ба расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории терроризм, мукаммалгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқгардонии онҳо ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самт таҳия ва қабул гардида, дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои инсону шаҳрванд, давлату ҷамъият, таҳкими қонуният, тақвият бахшидани мубориза бар зидди ҳама гуна ҷиноят, ба хусус ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, танзим ва назорати асъор нигаронида шудаанд.Қонунҳои мазкур ба Конститутсия ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани онҳо барои устувор гардидани мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, пурзӯр намудани мубориза бар зидди маблағгузории терроризм ва мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самт иқдоми саривақтӣ ва муҳим мебошад.Матни пурраи қонунҳои баимзорасида рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии кишвар интишор карда мешаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






