«Истиқболи самимӣ» аз «МегаФон» дар Русия

Июнь 13, 2013 13:17

Душанбе, 13 июн.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Муштариёни ширкати «МегаФон» дар Русия метавонанд ҳамагӣ бо арзиши 1 рубл барои як дақиқа зангҳои содиротиро дар дохили шабака ба муштариёни дар Тоҷикистон қарордошта анҷом диҳанд. Ширкати «МегаФон» дар Русия ба мусофирони Тоҷикистон пайвастшавиро ба нархномаи «Истиқболи самимӣ» пешниҳод менамояд. Мувофиқи шартҳои нархномаи мазкур муштариёни оператор метавонанд зангҳои содиротиро ба рақамҳои «МегаФон Тоҷикистон» ҳамагӣ бо арзиши 1 рубл барои 1 дақиқа анҷом диҳанд. Арзиши имтиёзнок аз дақиқаи 2 то дақиқаи 20-уми сӯҳбат амал мекунад. «Дар доираи муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия 350 000 – 400 000 нафар сафар мекунанд. Мо хуб дарк мекунем, ки дар баробари сафари худ онҳо ҳамчунин мехоҳанд алоқаро бо наздикони худ нигоҳ доранд. «МегаФон» ба онҳо чунин имкониятро фароҳам меорад. Нархномаи «Истиқболи самимӣ» ба муштариёни дар Тоҷикистон иқоматкунанда ва истифодабарандагони алоқаи мобилии «МегаФон» дар Русия имкон медиҳад, ки бе нигаронӣ оид ба гаронии арзиши даъватҳо сӯҳбатҳоро анҷом бидиҳанд», — мегӯяд директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Дмитрий Семёнов.

Июнь 13, 2013 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш