Конфронси илмию амалӣ

Июнь 28, 2013 11:22

Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Руқия Гадоалиева). – Имрӯз, 28 июн, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва масоилу дурнамоҳо» баргузор мегардад. Дар кори конфронс олимон, мутахассисону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, пажӯҳишгоҳҳои тадқиқоти илмӣ ва донишкадаҳои олӣ, коршиносону кормандони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи минтақаҳо иштирок менамоянд.

Июнь 28, 2013 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш