Лю Кэтсин: «Ҳамкориҳои Душанбеву Сяменро вусъат медиҳем»
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мири шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Кэтсин як қатор масоили вобаста ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва шаҳри Сямени Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Лю Кэтсин бо ёдоварӣ аз боздиди Президенти Тоҷикистон аз шаҳри Сямен, ки дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифта буд, гуфт: «Боздиди Президенти Тоҷикистон аз Сямен имкониятҳои зиёдеро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурдаи мутақобилан судманд фароҳам овард».Вай иттилоъ дод, ки дар ин сафари корӣ ӯро як гуруҳ соҳибкорони бонуфузи чинӣ ҳамроҳӣ менамоянд ва эшон баъди боздид аз якчанд корхонаи истеҳсолии шаҳри Душанбе ният доранд, то ҳамкориҳои босамарро бо сохторҳои марбутаи ҷониби Тоҷикистон дар соҳаҳои бонкдорӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати мошинсозӣ, сайёҳӣ ва амсоли инҳо ба роҳ монанд. Лю Кэтсин изҳори итминон намуд, ки дар оянда ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни Душанбе ва шаҳри Сямен ба нафъи ҷонибҳо густариш хоҳанд ёфт.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






