Мавҷи эътирозҳо дар Туркия
Истамбул, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). – Мавҷи эътирозҳои оммавӣ дар Туркия паҳн гардид, ки сабаби он решакан намудани дарахтони боғи яке аз маҳаллаҳои марказии шаҳри Истамбул мебошад.Тавре ки васоити ахбори оммаи ин ҷо хабар медиҳад, бетартибиҳо дар шаҳри Истамбул баъди дар охири ҳафтаи гузашта зидди намоишгарон истифода намудани обпошакҳо ва гази ашковар оғоз ёфтанд. Тайи якчанд рӯз ошубҳои оммавӣ ҳама ҷойи кишварро фаро гирифта, эътирозҳои экологӣ ба намоишҳои зиддиҳкуматӣ табдил ёфтанд. Дар ҳамаи шаҳрҳои калони Туркия аз қабили Истамбул, Анқара, Измир, Адан ва ғайра иштирокдорони намоишҳо истеъфои ҳукуматро талаб мекунанд. Суди шаҳри Истамбул тасмим гирифт, ки корҳои азнавсозии боғ қатъ карда шаванд, зеро ин амал боиси решакан намудани дарахтон мегардад. Дар майдони асосии шаҳри Анқара қариб 8 ҳазор нафар намоишчиён ҷамъ омада буданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






