Минтақаи хизматии милитсия дар Ховарон
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар» Махина Сафоева). — 21 июн дар маҳаллаи Ховарони пойтахт бинои нави Минтақаи хизматии милитсияи ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими кушодашавии бинои нави Минтақаи хизматии милитсия вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, раиси ноҳияи Шоҳмансур Самандар Бобоев ва дигар шахсони расмиву аҳли ҷамоатчигии маҳаллаи Ховарон иштирок намуданд. Рамазон Раҳимов кормандони милитсияро бо кушодашавии бинои мазкур табрик намуда, иброз дошт, ки фаъолияти милитсия бояд шаффоф бошад, то амнияти шаҳрвандонро таъмин намояд. Мавриди зикр аст, ки бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, бо дастури вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, сохта ба истифода дода шуд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






