Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо Дабири кулли ЮНЕСКО
Душанбе, 19 июн (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи Сессия 37-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова баргузор гардид. Дар оғози мулоқот раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ба Дабири кулли ЮНЕСКО ҷиҳати дастгирии пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ҳифзи мероси фарҳангию таърихии кишвар яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллии ҶТ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ба ҳисоб меравад. Раиси Комиссияи миллӣ ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО-ро дар солҳои охир мусбат арзёбӣ намуда, аз дастгирии роҳбари ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ва раёсату шуъбаҳои он вобаста ба масъалаҳои ба Феҳристи умумиҷаҳонии мерос ворид намудани ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани санаҳои таърихӣ, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар мулоқот инчунин вазъи омодагӣ ба баргузории Конфренсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар шаҳри Душанбе моҳи августи соли ҷорӣ баргузор мешавад ва дар он иштироки Дабири кулли ЮНЕСКО пешбинӣ гардидааст, баррасӣ шуд. Дабири кулли ЮНЕСКО дар мулоқот аз тавсеаи нуфузи ҷумҳурӣ ва Президенти Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ оид ба ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва глобалӣ ёдовар шуда, баргузории Конфренсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро ҳамчун тадбири муҳими сатҳи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар соли равон маҳсуб донист. Хонум И. Бокова ҳусни таваҷуҳи хеш ба Тоҷикистон ва ибтикороти байналмилалии онро таъкид дошта, изҳори итминон намуд, ки барнома ва пешниҳодоти Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла ёдгориҳои масири Шоҳроҳи Бузурги абрешим дастгирӣ хоҳанд ёфт. Ёдовар мешавем, ки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Мирзошоҳрух Асрорӣ – вазири фарҳанг, раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, Шаҳло Абдураҳимова – котиби масъули Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Нуралӣ Саидов – сардори Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Сессияи 37– уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки дар он ҳамчунин барномаҳои Тоҷикистон оид ба ворид намудани “Парки милли Тоҷикистон” ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангии кишварамон, мисли шаҳрҳои қадимаи Ҳулбук, Ҳисор ва Панҷакент (дар доираи лоиҳаи Шоҳроҳи Бузурги абрешим) ба Феҳристи Мероси Умумиҷаҳонӣ ва таҷлили санаҳои таърихӣ баррасӣ мегардад, иштирок доранд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






