Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Свен Алкалай
Душанбе, 21 июн (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Котиби иҷроияи Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Свен Алкалайро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ доир ба об, ки моҳи августи соли равон таҳти васоёи СММ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, зоҳир карда шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ин конфронс ва чорабиниҳои зиёди дигари байналмилалию минтақавӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам дар доираи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи кулли СММ эълон шудааст, баргузор мегарданд.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи босамари ҳадафҳои Барномаи махсуси Созмони Милал барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ — СПЕКА сурат гирифт. “Мо ҷонибдори татбиқи минбаъдаи авлавиятҳои ин Барнома ҳастем, вале, мехоҳем, ки фаъолияти он бештар шаклҳои мушаххасро пайдо намуда, самараноктар бошад”, — изҳор дошт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон, роҳҳои бартарафсозии мушкилу монеаҳои ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






