Мулоқоти масъулин бо ҷавонон

Июнь 20, 2013 13:56

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Аз 18 то 20 июни соли ҷорӣ дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Бохтар ва шаҳри Қурғонтеппаи вохӯрии масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонон доир гардид. Ин иқдом ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир ба татбиқи қавонини амалкунандаи кишвар «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ироа гардидан, роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи аслии мулоқотҳо тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва хештаншиносию эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ифтихор аз созандагӣ ва бунёдкорӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили худкушиву хариду фуруши одамон, ҷинояткорӣ ва амсоли инҳо мебошад.

Июнь 20, 2013 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш