Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо дабири кулли Хартияи энергетикӣ

Июнь 3, 2013 11:26

Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар»).- 31 майи соли 2013 дар шаҳри Брюссел мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак баргузор гардид.  Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо раванди мусбати ҳамкориҳои дуҷонибаро дар чаҳорчӯби Созишномаи Хартияи энергетикӣ зикр карданд. Тарафайн натиҷаҳо ва аҳамияти «Форуми сармоягузорӣ ба соҳаҳои энергетикии Тоҷикистон»-ро, ки дар давоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 11 апрели соли равон дар шаҳри Брюссел баргузор гардид, мусбат арзёбӣ намуда, роҳҳои татбиқи натиҷаҳои ҳамоиши ро муҳокима карданд. Урбан Руснак иброз дошт, ки Хартияи энергетикӣ барои ҷалби сармоя ба соҳаҳои энергетикии Тоҷикистон кӯмак хоҳад расонд. Зимни мулоқот инчунин масоили гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид барпо мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дабири кулли Хартияи энергетикӣ омодагии худро ҷиҳати иштирок дар кори конфронси мазкур иброз сохт.

Июнь 3, 2013 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш