Намоишгоҳи байналмилалии «ИНТЕРЛЕГПРОМ – 2013»
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар»). – Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз 5 то 8 июн дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳ – ярмаркаи ҳафтуми байналмилалии «ИНТЕРЛЕГПРОМ – 2013» баргузор мешавад.Вазифаи асосии намоишгоҳ бо маҳсулот ва технологияҳои пешқадами саноати пахта, нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, ҳамчунин имконоти содиротии кишварҳои ташкилкунандаи намоишгоҳ шинос намудани аҳли тиҷорат мебошад. Мувофиқи суханони ноиби ҳокими музофоти Хуросони Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаллиёз Ҷамшедӣ, бахши нассоҷӣ соҳаи асосии саноати сабуки Эрон ба шумор рафта, аз нигоҳи истеҳсоли маҳсулот ва теъдоди кормандон мақоми аввалро касб мекунад. Дар намоишгоҳ 50 ширкати Эрон иштирок менамояд. Назар ба гуфтаи муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ЧТ Асаналӣ Карамалиев, намоишгоҳ — ярмаркаи «ИНТЕРЛЕГПРОМ», ки дар ҳошияи Рӯзи кормандони саноати сабук ва нассоҷӣ доир мешавад, чорабинии калони ҳарсолаи байналмилалию иқтисодӣ гардидааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






