Насби таҷҳизоти нав дар «Нассоҷи Хуҷанд»
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Дар ҶСК «Нассоҷи Хуҷанд» таҷҳизоти нави ҷопониву итолёвӣ, ки ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ харидорӣ шудааст, пурра насб карда шуд. Ин корхонаи ресандагӣ дорои дастгоҳҳои шонакунӣ, ҳаллоҷӣ, пилтаресиву ресандагӣ буда, дар он 300 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.Миқдори солонаи риштаи истеҳсолшаванда дар ин корхона 2 ҳазору 500- 3 ҳазор тонро ташкил мекунад.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилоят Қоҳир Расулзода 11 июн бо кори таҷҳизоти нав шинос шуда, барои таъсиси ҷойҳои кории нав, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани молҳои истеҳсолшаванда тавсияҳои муфид дод.Раиси вилоят ҳамчунин аз коргоҳи либосдӯзӣ дидан кард. Дар ин коргоҳ 100 нафар занон бо кор машғуланд. Дар инҷо либосҳои мактабиву ҳарбӣ ва либосҳои маъмулӣ аз риштаи омодакардаи корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд” бо сифати баланд истеҳсол мешавад. Миқдори умумии истеҳсоли либос дар ин коргоҳ дар як сол 200 ҳазор дона буда, он барои фурӯш дар бозори дохилӣ пешбинӣ шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






