О. Оқилов: «Конфронси Душанбе ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра мусоидат менамояд»

Июнь 5, 2013 13:43

Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо аъзои Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об мулоқот кард.  Оқил Оқилов дар мулоқот бо гуруҳи коршиносону мутахассисони соҳаи об аҳамияту муҳимияти баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи обро махсус таъкид карда, изҳор дошт, ки «Дар Тоҷикистон барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ин чорабинии муҳими сатҳи ҷаҳонӣ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд, то натиҷаҳои конфронси мазкур дар оянда барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар соҳаи об ва ҳалли масоили марбут ба мушкилоти об дар сайёра мусоидат намоянд». Тавре ки таъкид шуд, Кумитаи байналмилалии ҳидояткунандаи Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва фарогирии мавзуъҳои муҳими ҳамкориҳо омода ва гузаронидани Конфронси Душанбе оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи об таъсис дода шуда, аъзои он аз коршиносону мутахассисони байналмилалӣ ва ватании соҳаи об иборат мебошад.

Июнь 5, 2013 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст