Рӯнамоии «Куллиёти форсӣ»-и Муҳаммад Иқбол
Душанбе, 10 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Куллиёти форсӣ»-и яке аз сухансароёни бузурги машриқзамин –Аллома Муҳаммад Иқбол (1877- 1938) имрӯз дар толори Академияи илмҳои Тоҷикистон бо ҳузури донишмандон, аҳли зиё ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид. Дар маросими рӯнамоии «Куллиёти форсӣ»-и Муҳамад Иқбол Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амҷад Ҳуссайн Б. Сиал, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ, донишмандони шинохтаи тоҷик Кароматулло Олимов ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ доир ба робитаҳои ҳасанаи илмию фарҳангии Тоҷикистону Покистон, мақом, андеша ва мероси адабию илмии шоири тавоно ва миллии Покистон Муҳаммад Иқбол дар рушди тамаддуни башарӣ ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки сухансарои бузурги Шарқ Аллома Муҳаммад Иқбол аз шахсиятҳои шинохтаи қарни 20 буда, бо андешаҳои озодихоҳӣ, бедории миллӣ, созанда ва муборизи худ дар таъсиси давлати миллии Покистон нақши муассир гузоштааст. Аллома Муҳаммад Иқбол ҳамчун шахсияти нотакрор, истеъдоди бесобиқа ва осори пурғановаташ дар таърихи тамаддуни фарҳанг ва ашъори исломии қаламрави забони форси тоҷикӣ нақши бориз ва мақом пояндае дорад. Шоир бо ашъори шурангезаш, ки бо забонҳои урду ва форсӣ эҷод мекард Шарқи мазлуми замонашро такон дода, ба пайравии шоирони бузурги форс Носири Хусрав, Мавлонои Балхӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва Шайх Саъдии Шерозӣ шеър эҷод кардааст. Осори нотакрори Муҳаммад Иқбол дар Тоҷикистон маҳбубияти хоса дошта бори нахуст дар соли 1958 аз ҷониби шоири Халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар дар шакли маҷмуаи хурде бо номи «Шеърҳо» нашр шудааст. Соли 1966 «Паёми Машриқ» дар таҳияи М. Миршакар, инчунин солҳои 1978 «Садои Машриқ» ва 1987 «Пайғоми Шарқ» дар таҳияи Абдуллоҷон Ғаффоров чоп гаштаанд. Таъкид шуд, ки нашри «Куллиёти форсӣ»-и шоири забардаст Муҳаммад Иқбол дар Тоҷикистон падидаи неки фарҳангист барои дӯстдорони шеъри форсӣ. «Куллиёти форсӣ»-и Муҳаммад Иқбол аз ҷониби донишмандони шинохтаи тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Шарафнисо Пӯлодова дар зарфи ду сол таҳия гардида, он аз нашри Кулиёти шоир, ки дар солҳои 1997 ва 2000 чоп гашта буданд, тафовут дорад. Зеро дар нашри навини Куллиёт аз маъхазҳои тоза осори Муҳаммад Иқбол гирдоварӣ шудааст. Китоби «Куллиёти форсӣ»-и Муҳаммад Иқбол бо ибтикори Сафорати Покистон дар Тоҷикистон ва дастгирии молиявии намояндагии Бонки роҳнамои тиҷоратии давлатии Покистон дар Душанбе дар нашриёти «Somon Graf» бо теъдоди 1000 нусха бо ҳуруфоти кириллӣ чоп гардидааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






