Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон

Июнь 24, 2013 11:59

Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ). – 24 июн дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон оғоз меёбад.Тавре ки аз Вазорати фарҳанги кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи ин чорабинӣ бо иштироки дастаи созу навои «Древляне», оркестри академии миллии асбобҳои халқии Украина ва раққоса Елена Проскурякова консерт баргузор мешавад. Дар рӯзҳои фарҳанг ҳамчунин Ҳафтаи синамои Украина доир гардида, дар ҷараёни он филмҳои «Аз пайи ду харгӯш» ва «Фақат мӯйсафедон ба ҷанг мераванд» намоиш дода мешаванд.Рӯзҳои фарҳанги Украина 27 июн анҷом меёбанд.

Июнь 24, 2013 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш