Ривоҷи ҳамкорӣ бо ҳамтоёни русиягӣ

Июнь 19, 2013 11:44

Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш роҳбари Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Мақсуд Зиёбоев ва президенти Палатаи савдои Урали Ҷанубии Федератсияи Русия Фёдор Диктарёв дар шаҳри Хуҷанд созишномаи ҳамкориро имзо намуданд. Мувофиқи хабари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, яке аз омилҳои имзои созишномаи ҳамкории байни ҳар ду палатаҳои савдо, сафари расмии роҳбари палатаи савдои вилоят Мақсуд Зиёбоев ба Федератсияи Русия буд. Созишнома ҳамкорӣ дар амри рушду таҳкими равобити иқтисодии хориҷии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Челябински Федератсияи Русия, инкишофи ҳамкории иттилоотию машваратӣ ва табодули таҷрибаро дар назар дорад.

Июнь 19, 2013 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш