«Садо» Душанберо бесадо мекунад?
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои истифодабарии таҷҳизоти махсуси садодиҳанда, махсусан аз ҷониби ҷавонон дар кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе, ки боиси норозигии шаҳрвандон ва халалдор гаштани оромӣ мегардад, аз санаи 25 июн то 5 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти «Садо» гузаронида мешавад.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, амалиёти мазкур бо ташаббуси ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, бо мақсади таъсирбахш гузаронидани он аз шаҳрвандон хоҳиш мешавад, ки дар ҳолати мушоҳида намудани истифодабарии ғайриқонунии таҷҳизоти махсуси садодиҳанда дар воситаҳои нақлиёт ва садо додани овози гушхарош дар назди даҳлезҳои биноҳо ва ҳавлиҳои истиқоматӣ бо телефонҳои боварии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе: 221-00-46, 221-00-16, дар тамос шаванд.








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд






