Сафари Ш.Хайруллоев ба Минск
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ ба пойтахти Беларус шаҳри Минск рафт. Мувофиқи хабари хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, рӯзномаи мулоқот иборат аз 20 масоили марбут ба такмили минбаъдаи низоми ҳамкории бисёрҷониба дар бахши ҳарбии фазои ИДМ мебошад. Вазирони мудофиа, аз ҷумла, масоили марбут ба Соли Муҳофизи Ватан дар ИДМ эълон шудани соли 2017, ҳамкорӣ дар истифодаи низоми алоқаи сафинавии дорои аҳамияти ҳарбӣ, назорати ҳолати техникии лавозимоти ҳарбиро мавриди муҳокима қарор дода, феҳрасти тадбирҳои муштараки қувваҳои мусаллаҳ барои соли 2014 – ро мутобиқ намуда, лоиҳаҳои созишномаҳо дар бораи ҳамкории қӯшунҳои муҳандисии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳод дар бахши безараргардонии минаҳо ва ҳамкорӣ барои таъмини топографию геодезиро баррасӣ мекунанд. Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин таҳрири нави Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсозӣ аз рӯи масоили мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоии назди Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ ва маблағгузории рушди низоми муттаҳидаи мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ дар соли 2014 – ро баррасӣ намуда, дар бораи роҳандозии машқи муштарак бо истифода аз оташфишонии қӯшунҳои низоми муттаҳидаи мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоии ИДМ таҳти унвони «Иттиҳоди низомӣ — 2013» қарор қабул мекунанд.Вазирони мудофиа дар ҷараёни мулоқот натиҷаи Озмуни дуюми байналмилалӣ барои асари беҳтарини журналистӣ бахшида ба 20 – умин солгарди таъсисёбии Шӯрои вазирони мудофиаро ҷамъбаст намуда, ҳамчунин дар бораи соли 2013 доир намудани Озмуни 5 – уми байналмилалии маҳорати ҳарбию касбии хидматчиёни ҳарбии артишҳои кишварҳои дӯст таҳти унвони «Ҷанговари Иттиҳод» қарор қабул мекунанд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






