Сафсатаҳои навбатии «Ватандор»-и беватан
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон нафароне, ки дар зери ниқоби манфиатҳои миллӣ худро «ватандўст» муаррифӣ мекунанд, зиёданд. Ин гуна шахсон таҳти шиори «ҳимояи» манфиатҳои халқ ба танқиди Ҳукумати вақт пардохта, ба фоидаи худ ва хоҷагони хориҷиашон амал мекунанд. Яке аз чунин шахсиятҳои «маъруф» ва «шинохта» Додоҷони Атовулло буда, тариқи шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ва шабакаи телевизионии хориҷии «К+» пайваста ба сиёҳ намудани ходимони давлатии кишвар машғул аст. Хонандаи гиромӣ! Сараввал бояд шахсияти Додоҷонро шинохт ва ба суханҳои таҳқиромези ў баҳо дод! Роҳбари ҳаракати сиёсии «Ватандор», ба гуфтаи баъзеҳо, нафари озодандеш ва солимфикр аст. Аммо аз забони ин гуна шахс фақат туҳмату таҳқири Президент ва роҳбарони мақомоти қудратии кишвар садо медиҳанду халос! Шояд ҷаноби Атовуллоев фақат таҳқирро аз бар кардааст? Ё агар ин журналисти «тезқалам» ба сиёҳ кардани шахсияти Сарвари давлат ва Хукумат даст назанад, хоҷагонаш ўро ҷазо медиҳанд? Албатта ҷазо медиҳанд! Зеро бо дастуру ҳидояти онҳо Додоҷон кор мекунад ва пули зиёд ба даст моерад. Агар ба ў кӯмаки молиявӣ накунанд, ин қадар сармоя аз куҷо пайдо кардааст, ки ҳаракати сиёсиро роҳбарӣ мекунад ва суханрониаш дар телевизионҳои хориҷӣ такрор ба такрор намоиш дода мешаванд. Бо ин амал Додоҷон худро шахси тараққихоҳ ва ғамхори мардуми тоҷик нишон додан мехоҳад. Аммо то ҳол мардуми шарифи Тоҷикистон воқеаҳои фоҷиабори солҳои 90-уми садаи гузаштаро, ки бо иғвоангезии чунин шахсон ба амал омада буд, фаромӯш накардааст. Агар ҷаноби Атовуллоев дар ҳақиқат шахси ватандўст ва дилсӯзи миллат бошад, пас чаро пешниҳоде оид ба пешравии ҷомеаи кишвар намекунад? Шарт нест, ки шахси тараққихоҳ дар сари ягон вазифаи баланд бошад! Зеро нафари озодандеш чи дар сари вазифа ва ё чи дур аз Ватан ҳам бошад, фақат фикри ободии кишварашро мекунаду халос. Барои ин гуна шахс аз ҳама чизи муҳим манфиатҳои халқи худаш ба ҳисоб меравад ва барои ноил шудан ба ин мақсад курсӣ талаб намекунад. Афсӯс, ки ин гуна фикрҳо дар мафкураи Атовуллоев ҷой надоранд ва мақсади асосии ў бо кӯмаки хоҷагони хориҷиаш ғайр аз соҳиб шудан ба курсии мансаб, чизи дигаре нест! Хуб мешуд, ки ҷаноби Атовуллоев ба ҷойи танқиди Ҳукумат бо хоҷагони хориҷии худ забон як карда, ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик кӯмак мерасонд. Аммо мо медонем, ки вай чунин амалро ҳаргиз анҷом намедиҳад, зеро аз он мардуми оддӣ манфиат мебинад, на худи Додоҷон. Бояд хотирнишон кард, ки ҳамаи суханронӣ ва барномаи фаъолияти Д. Атовуллоев фармоишӣ буда, ў барои иғвои навбатӣ омодагӣ дида истодааст. Вай бояд хуб дарк намояд, ки замони иғвогарию дасисабозӣ гузаштааст ва мардум ба сафсатагўиҳо ва бозиҳои пасипардагии ў ниёз надоранд. Собирҷони Аҳлиддин








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






