Ш. Жао: «Э. Раҳмон ҳамеша дар фикри мардум аст»

Июнь 13, 2013 13:16

Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиаоу Жао як қатор масоили марбут ба рушди иқтисодии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Шиаоу Жао омодагии ҷониби БОР-ро барои густариши ҳар чӣ бештари ҳамкориҳо бо Тоҷикистон баён дошт. Ӯ афзуд, ки зимни ин дидор як қатор масоили муҳим, аз қабили маблағгузориҳои БОР ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, дурнамои афзунгардонии маблағгузориҳо, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои коммуникатсия, роҳҳои пайвасти заминӣ ва роҳҳои оҳан, инчунин масоили марбут ба амнияти энергетикӣ мавриди баррасии тарафайн қарор гирифт. Шиаоу Жао зикр намуд: «Аз дидори аввалине, ки бо муҳтарам Президент доштем, ӯ ҳамеша масоили некӯаҳволии мардумро дар мадди аввал гузошта, дар фикри пешрафти ҷомеа аст».«Дарвоқеъ, ин заҳматҳои Сарвари давлати Тоҷикистон бевосита дар самти эъмори ояндаи дурахшони ин миллат заминаи мусоид мегузорад»- таъкид дошт ноиби Президенти БОР.

Июнь 13, 2013 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш