Шарикони асосии Тоҷикистон дар бахши содирот
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Туркия, Эрон, Афғонистон, Чин, Русия ва Қазоқистон тайи ним соли охир шарикони асосии Тоҷикистон дар бахши содирот ба шумор мераванд. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, аз ҷумлаи ҳаҷми умумии содироти амвол ҳиссаи Туркия 39,5 фоиз ва Эрон 14,6 фоизро ташкил медиҳад. Ба кишварҳои зикршуда молҳои металлургияи ранга, аз ҷумла, алюминии хом ва нахи пахта фиристода мешавад. Дар ин муддат маблағи содирот ба Туркия беш аз 210 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА ва воридот 51 миллиону 600 ҳазор долларро ташкил дод. Федератсияи Русия дар бахши муомилоти мол бо мамлакатҳои хориҷӣ мақоми аввалро касб намудааст. Муомилоти моли байни Тоҷикистону Русия беш аз 366 миллиону 300 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил дод. Тайи панҷ моҳи соли равон ҳаҷми содирот 534 миллиону 300 ҳазор долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 23 миллион доллари ИМА ё 4,1 фоиз камтар аст. Ҳамзамон ҳаҷми воридот дар давраи ҳисобот баробари 1 миллиарду 608 миллиону 500 ҳазор доллар буд, ки нисбат ба соли гузашта баробари 129 миллиону 700 ҳазор доллар ё, 8,8 фоиз зиёд аст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






