Соҳибони ҷоизаҳои Айниву Турсунзода муайян шуданд

Июнь 20, 2013 10:40

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз, 19 июни соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагон баргузор гардид, ки дар қатори масъалаҳои эҷодиву ташкилии дигар, аз ҷумла озмун барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ дар соҳаи наср ва Мирзо Турсунзода дар соҳаи назм ҷамъбаст гардид. Ба гирифтани ҷоизаҳои адабии ба номи устод Айнӣ нависандагон Насим Раҷаб ва Марямбонуи Фарғонӣ, ба гирифтани ҷоизаҳои ба номи устод Турсунзода шоирон Раънои Мубориз ва Давлат Сафар мушарраф гардиданд.

Июнь 20, 2013 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш