Ташрифи соҳибкорони туркӣ ба Тоҷикистон

Июнь 17, 2013 14:51

Анкара, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Туркия роҳбарони ширкатҳои аъзои Асотсиатсияи соҳибкорони Флорияи Истамбул “FIADER» ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Туркия аз Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд, зимни сафар ин ҳайат бо роҳбарияти Кумитаи давлатии саромоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати кишоварзӣ, Палатаи савдо ва саноат, Вазорати энергетика ва саноат ва соҳибкорони Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, масоили имкониятҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳо ва дар маҷмӯъ ҳамкориҳои судмандро муҳокима хоҳанд кард.Аз ҷумла, 17-19 июн соҳибкорони ширкати «VENDEKA Group», ки дар соҳаҳои энегетика, тавлиди таҷҳизоти илмӣ, системаи роҳсозӣ ва ғайра фаъолият мекунанд, дар Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкорӣ мулоқотҳо баргузор хоҳанд кард. Манбаъ қайд кард, ки соҳибкорони «Ugur Group» низ ҷиҳати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафар намудаанд.«Ugur Group» 12 ширкатро дар бар гирифта, дар соҳаҳои бунёди корхонаҳои ордбарорӣ, корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти соҳаи ордбарорӣ, сохтмони анборҳои нигоҳдории донагӣ, биноҳои истиқоматӣ ва меҳмонхона фаъолият менамояд. «Ugur Group» дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолияти хешро ба роҳ мондааст.

Июнь 17, 2013 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш