Тренинг аз рӯи масъалаи тафтиши ҷинояткориҳои коррупсионӣ

Июнь 19, 2013 11:42

Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар»). – 18 июн дар шаҳри Душанбе тренинг оид ба масъалаи усулҳои ошкор ва тафтиш намудани ҷинояткориҳои коррупсионӣ анҷом ёфт. Коршиноси байналмилалии бахши тафтиши ҷинояткориҳои коррупсионӣ иштирокдорони тренингро бо усулҳои тафтиш ва ҷамъоварии маълумоти тафтишотӣ дар мавриди коррупсия шинос намуд. Дар семинари дурӯза, ки бо ибтикори маркази САҲА доир шуда буд, 10 нафар мутахассисони Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ иштирок доштанд.Семинар дар ҳошияи барномаи САҲА барои мусоидат ба афзун намудани тавоноии хидматчиёни давлатии ҶТ дар амри истифодаи судманд роҳандозӣ шуд.Дар ин бора аз Маркази САҲА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Июнь 19, 2013 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш