Вохӯрии Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО
Душанбе, 5 июн (АМИТ «Ховар).-3 июни соли 2013 дар шаҳри Париж, дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО, сафир Рустамҷон Солиев бо мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова баргузор гардид. Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг, инчунин татбиқи як силсила лоиҳаҳои робитаҳои дуҷонибаро муҳокима намуданд. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Р. Солиев ба мудири кулли Созмон И. Бокова даъватномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, супорид. Мудири кулли ЮНЕСКО омодагии хешро ҷиҳати ба амал овардани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон ва иштирок дар кори ин чорабинии муҳими байналмилалӣ изҳор кард.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






